Душанбе: Маориф, 1992. — 128 с.
Ин китоб аз хусуси имконоти услубии воҳидҳои грамматикӣ баҳс мекунад. Бояд гуфт, ки доираи он имконот назар ба хусусияти услубии унсурҳои луғавию фразеологӣ маҳдудтар буда, ба хонандагон фаҳмонидани моҳияти услубии воҳидҳои наҳвию сарфӣ низ ба осонӣ муяссар намегардад. Ба гумони муаллиф, шояд ин дастур ба осон кардани ин мушкилот ба муаллимон мададгорӣ кунад ва дар таълими забону услубшиносӣ ва ҳусни баён кумак расонад.