Душанбе: Эр-граф, 2010. — 512 саҳ.
Китоби дарсӣ мафҳумҳои асосӣ, институтҳо ва соҳаҳои ҳуқуқи байналхалқиро ҳамаҷониба баррасӣ намудааст.
Ба масоили таносуби ҳуқуқи байналхалқӣ ва миллӣ таваҷҷуҳи хос дода шуда, тавсифи роҳҳои амалигардонидани меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, аз ҷумла хусусиятҳои татбиқи бевоситаи онҳо дар фаъолияти суд ва дигар мақомотҳои давлатӣ, нақши санадҳои ҳуқуқи байналхалқӣ дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд нишон дода шудааст.
Китоби дарсии «Ҳуқуқи байналхалқӣ» барои донишҷўён ва аспирантони ихтисоси ҳуқуқи байналхалқии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №7/16 аз 2 июли соли 2009 тавсия карда шудааст.